- пой
- I[پاي]1. узви бадани инсон ва ҳайвон, ки воситаи рафтан аст ва бадан дар болои онҳо қарор гирифтааст2. бо изофат – (қисми зери чизе; таг, зер, бун) пои… зери…, таги…, буни…3. қисми зерини пой, қадам4. маҷ. тоқаи пойафзол ё як почаи шим, эзор ва ғ.5. ба тарзи истиора истифода шудааст; пои кор; по ба по қадам ба қадам; баробар, ҳамроҳ; по ба пои касе роҳ рафтан; гапи подарҳаво гапи берабт, бемаънӣ, бемантиқ; сар то по тамоман, аз аввал то охир; пои пиёда пиёда; ба пои худ бе воситаи каси дигар, бо майли худ; бо пои бараҳна пойлуч, бе пойафзол; по ба по рафтан баробар рафтан, аз ҳам канда нашуда рафтан; по ба лаби гӯр будан пири фартут шудан, наздик ба марг будани касе; по бар ҷо будан устувор будан, собит будан; пои касеро аз ҷое кандан касеро аз ҷое дур кардан, рафтуои касеро қатъ гардонидан (аз ҷое, ба ҷое); пои касеро аз осмон овардан касеро ба ҷазояш расондан, несту нобуд кардан; пои касе лағжидан аз ҷо беҷо шудан; дар коре шикаст хӯрдан; пои рафтуомад бурида гардидан қатъ гардидани рафтуомад; пой бар арсаи ҳаёт гузоштан таваллуд шудан, ба дунё омадан; пой баромадан аз ҷояш беҷо шудани устухонҳои пой дар натиҷаи зарб хӯрдан; пой ба ҷое нагузоштан ба ҷое нарафтан; тарки равуой кардан; пой беҷо мондан аз ҳадди худ гузаштан; кори беҷо кардан; пой гузоштан (ниҳодан) қадам мондан; рафтан; ба ҷое дохил шудан; пой дароз кардан маҷ. мурдан; пой канда шудан аз ҷое қатъ гардидани рафтуомад аз ҷое; пой кашидан аз ҷое тарки рафтуой кардан аз ҷое; пой мондан қадам задан; рафтан; пой каҷ ниҳодан нодуруст кор кардан, хилофи қоида амал кардан; пойро дониста мондан фикр карда кор кардан, санҷида ва бо мулоҳиза кор кардан; по кӯфтан а) кафи пойро ба замин задан; б) рақсидан; по накашида мурдан ҷо ба ҷо мурдан, якбора мурдан; пой накашидан майли рафтан надоштан; по шав! хез! гурез!; аз по афтодан а) беҳол шудан, монда шудан (аз кор, аз роҳгардӣ); б) ба замин афтодан, мағлуб шудан (дар ҷанг, гӯштин); аз по афтондан а) ғалтондан, б) ҳалок кардан; аз пой мондан хаставу нотавон шудан, тоби роҳгардӣ надоштан; аз пои касе гирифтан ба касе қасди бад кардан, дар паи қасди касе шуда; ба курпа нигоҳ карда пой дароз кардан мувофиқи қувват ва имкони худ кор кардан; ба пои худ омадан (ба майли худ) омадан; ба пой хестан а) бархостан; б) сиҳат шудан, сиҳат ёфтан; ба по рост шудан бархостан, шудан аз ҷои нишаст; ба по хезондан барангехтан, баланд шӯронидан; ба по ҳино баста киноя аз касе ё чизе ниҳоят суст ҳаракаткунанда; ба як по истодан; дасту пой гум кардан саросема шудан, ихтиёр аз даст додан; ду пойро ба як мӯза (маҳсӣ) ҷо карда (тиққонда) нишастан сахт истодагарӣ кардан, исрор кардан ба гуфтаи худ; дониста по мондан беҷо кор накардан, бо мулоҳиза ва андеша кору рафтор кардан; зери по шудан помол гаштан, хору забун шудан; зери по кардан поймол кардан, забун гардонидан; пушти по задан даст кашидан, сарфи назар кардан; беқадру эътибор кардан; сар аз пой фарқ накардан сахт дар таъсири ҳиссиёти худ будан, дар шавқу ҳаяҷон будан; як по дар гӯр будан пиру нотавон шудан, наздик ба марг расиданII[پاي]асоси замони ҳозира аз поиданIII[پاي]ниг. по
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.